Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ватандӯстии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад”
ДУШАНБЕ, 01.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо рушди иқтисод ва васеъшавии имкониятҳои иқтисодии кишвар дар макотиби олӣ низоми буҷетӣ тавсеа ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҷавононро бештар аз ҳисоби худ ба илмомӯзӣ ҷалб намояд. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар семинари омӯзишию иттилоотӣ, ки дирӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд, иброз намуд.
Ҳамчунин Худобердӣ Холиқназар зикр кард, ки “мо ҳамагон шоҳиди онем, ки Ҳукумати кишвар барои донишҷӯёни бомаҳорат ва соҳибистеъдод шароит ва имкониятҳои хуб фароҳам овардааст ва кӯшиш менамояд, ки ҷавонони мо дар роҳи таҳсили илм мушкилӣ надошта бошанд. Имрӯз теъдоде аз ҷавонон аз ҳисоби падару модари худ таҳсил намуда, маблағҳои зиёдеро баҳри илмомӯзӣ сарф мекунанд. Вале ҳангоми таҳсил аён мегардад, ки ин нафарон ба дарсҳо беаҳамиятӣ зоҳир намуда, фаъол нестанд ва андеша намекунанд, ки волидайнашон бо чӣ азобу машаққат маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, то фарзандони онҳо хонда, дар оянда мутахассиси хуб гарданд”.
Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир ба масъалаҳои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ватандӯстии ҷавонон дар сатҳи давлатӣ аҳамияти зиёд дода мешавад. Бо ин мақсад, танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 70 адад майдончаҳои бозии кӯдакона ва таъйиноти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар назар аст, ки теъдоди чунин майдончаҳо дар шаҳри Душанбе ба 270 адад расонида шавад. Соли 2018 боз 80 адад варзишгоҳ сохта хоҳанд шуд.
Ба андешаи сармутахассиси Раёсати омўзиши масъалаҳои амниятӣ-минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев, имрӯз ҷавонон аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, идомадиҳандаи кори насли калонсол, неруи созанда, муҳаррики воқеии ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд.
«Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои татбиқу амалисозии ибтикорҳои ҷавонон дурнамои нав боз кард. Дар доираи ин сол дар сатҳи байналмилалӣ ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатӣ фаъолона ҷалб карда шуданд. Бинобар ин, Стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ва эълони Соли ҷавонон гувоҳи он аст, ки сиёсати ҷавонон, қабл аз ҳама, ба эҷоди шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва созмондиҳӣ барои ҷавонон ва кафолати фаъолмандии ҷамъиятии ҷавонон равона шудааст», -гуфт Ҳикматулло Хоҷаев .








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






