Иқдоми тозаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон

Декабрь 12, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи Соли ҷавонон аз ҷониби Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) шеърҳои ҷавонтарин шоирони Тоҷикистон бо пешгуфтори раиси ИНТ Низом Қосим ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуд ва бо унвони «Тенгдошлар» («Ҳамсолон») дар маҷмӯаи дастаҷамъӣ дастраси шаҳрвандони Ӯзбекистон гардид.

Тавре тарҷумон, сардори Маркази тарҷумаи ИНТ Сайфулло Қуллаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ин иқдоми тоза воқеан метавонад, ки адабиёти навини моро ба кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя муаррифӣ кунад. Зеро ҷавононе, ки шеърҳояшон мавриди тарҷума қарор гирифтаанд, иштирокчиёни фаъоли Машварати омӯзишии  адибони ҷавони ҷумҳурӣ буда, ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои тозаи шоиронаи зиёд доранд, ҳамеша бо ИНТ ҳамкорӣ мекунанд ва аз устодони бузурги ин даргоҳ дарси суханофарӣ меомӯзанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Машварати омӯзишии  адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар чор сол як маротиба аз тарафи ИНТ баргузор мешавад. Бори охир соли 2016-ум дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд ва дар он аз тамоми гӯшаю канори кишвар навқаламон иштирок доштанд. Аз байни онҳо пас аз омӯзишу машварати устодон чанде  дар бахшҳои назму наср ба узвияти ИНТ пешниҳод гардида, пазируфта шуданд.

Хонандагони ӯзбекзабон тавассути ин китоб бо намунаҳои шеърҳои шоирони ҷавон Муҳриддин Сабурӣ, Баҳроми Раҳматзод, Рустами Аҷамӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Шоҳбегим, Мирзо Наврӯз, Мафтуна ва Толиби Луқмон шинос мешаванд.

Декабрь 12, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид