Имрӯз-Рӯзи байналмилалии муҳоҷир: теъдоди ин қишр дар ҷаҳон то соли 2050 ба 405 млн. мерасад

Декабрь 18, 2017 14:50

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии СММ   4 декабри соли 2000 18 декабрро Рӯзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд. Маҳз 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо»-ро  қабул намуд.

Мақсад аз ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии муҳоҷир- ин сол аз сол зиёдшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ ва таҳлили коршиносон,  теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон  то  соли 2050   ба 405 млн. хоҳад расид. Таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳоҷир- ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандии ҳам давлатҳои интиқолкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳам давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни ҶТ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷамъомадҳо баргузор мегарданд.

Тавре маълум аст, муҳоҷират раванди ҷаҳонӣ буда, он танҳо хоси мамлакати мо нест. Муҳоҷирон дар кишварҳои пешрафта низ ба назар мерасанд. Солҳои охир шумораи муҳоҷирон дар тамоми ҷаҳон меафзояд. Аксарияти  муҳоҷироне, ки ба дигар кишварҳо баҳри пайдо намудани кор равона мегарданд, ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Баҳри иттилоотонии бештари аҳолӣ бо масъалаҳои муҳоҷират ва ба мушкилиҳои гуногун дучор нашудани онҳо аз тарафи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пайваста бо муҳоҷирон вохӯрию суҳбатҳо гузаронида мешаванд.

Тавре аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, бештари муҳоҷирони меҳнатии мо  ба Федератисияи Россия ва Қазоқистон сафар мекунанд. Мушкилоти асосие, ки шаҳрвандони мо дар Россия бо он аз рӯзҳои аввал рӯ ба рӯ мешаванд, ин надонистани забони русӣ, риоя накардани қонунҳои кишвар, надоштани корти муҳоҷиратӣ ва ғайра мебошанд. Бояд гуфт, ки  пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар як сокини мамлакат бояд ҳатман забони давлати воридшударо донад ва аз қонунҳои он бархурдор бошад. Аз ин рӯ намояндагони Хадамот дар вохӯриҳо бо аҳолӣ    ин масъалаҳоро пурра фаҳмонида, ба онҳо  буклетҳои гуногун оид  ба қонунгузории Федератсияи Россия  ва чӣ гуна рафтор намудан дар ин кишварро ройгон супорида, маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқӣ  медиҳанд.

Хадамоти муҳоҷират  як миқдор  фиттаҳои дорои матни саволу ҷавоби тестҳоро оид ба омӯзиши забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории он  сабт намуда, ба сохторҳои зертобеи худ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки  25 марти соли равон  дар Федератсияи Россия маъракаи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон баргузор гардида буд.  Қонуни авфи мазкур ба муҳоҷирони меҳнатие дахл дошт, ки   бо сабабҳои гуногун қоидаҳои будубошро дар ҳудуди кишвар вайрон карда буданд.   Тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ-аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  истиқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода шуда буд. Дар натиҷа нисбат ба 106 ҳазору 104 нафар муҳоҷирони меҳнатии кишварамон санад тартиб дода шуда, авф эълон шуд. Инчунин зиёда аз 19 ҳазор шаҳрвандони мо ҳолати будубоши худро дар ФР ба расмият дароварданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ин рӯз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз ватан дар ҳолати вазнин қарор доранду ба кумаку дастгирӣ ва ҳимоя эҳтиёҷ доранд, таваҷҷуҳи хосса равона созанд.

Мувофиқи  санҷиши коршиносон, ҳар нафари сиву панҷуми кураи замин муҳоҷир буда, дур аз ватани хеш фаъолият дорад. Муҳоҷирати  меҳнатӣ ҳамчун падида таърихи ҳазорсола дорад. Дар ҳама давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир як раванди ногузир маҳсуб гардида, бархе аз мамолики пешрафта онро ҳамчун воситаи табодули таҷриба, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сармоя медонанд.

 Ибодат ДАВЛАТОВА

Декабрь 18, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!