Ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи илму маориф минбаъд низ босуръат идома хоҳанд ёфт
ХОРУҒ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, номзади илми сиёсатшиносӣ Мамад Алимшоев бо гурӯҳи донишҷӯёни ин донишгоҳ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, изҳор дошт, ки «дар Паёми имсола Пешвои миллат паҳлуҳои гуногуни соҳаи илму маорифро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки иқдомоти Ҳукумати кишвар барои ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ баровардани сифати таълим воқеан ҷиддӣ буда, мо ин навгониҳоро ҳамасола бо чашми худ мушоҳида мекунем. Ҳамин сол дар ҳаёти донишгоҳ рӯйдоди муҳиме ба амал омад, ки ҳамаи устодону донишҷӯёнро ба ояндаи боз ҳам нек умедвор сохт. Дар ин сол таҳкурсии бинои нуҳошёна гузошта шуд ва пас аз се ё чор сол мо шоҳиди қомат афрохтани як шаҳрчаи зебои донишҷӯён хоҳем гашт».
Муовини ректори Донишгоҳи мазкур ҳамчунин гуфт, ки «дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба пешрафти соҳаи маорифи Тоҷикистон баҳои арзанда медиҳанд. Дар ин бора Пешвои миллат зимни ирсоли Паёми имсола ёдовар шуда, баён доштанд, ки «мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст». Албатта, аз шунидани чунин хабарҳо ҳар як устод ва донишҷӯ шод мегардад ва боз талош мекунад, ки қуллаҳои аз ин ҳам баландтарро фатҳ кунад».
Дар ин Паём Пешвои миллат бори дигар дар бораи омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ таъкид карда, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дастур доданд, ки барои муҳайё намудани шароити зарурӣ барои хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ андешанд. Барои ҳар як устод беҳтарин мукофот- ин ба воя расонидани шогирди босаводу хушахлоқ, ватандӯсту маърифатпарвар мебошад.








Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






