«Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабри соли равон дар ҶДММ «Кохи Наврӯз» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ» бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон ва 23-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Форуми ҷавонон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки имрӯз аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавононро дар рушди кишвар ба инобат гирифта, соли 2017-ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон намуданд.
Ҷавонони тоҷик аз ин таваҷҷуҳи Пешвои худ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намуданро қарзи фарзандии худ медонанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо stop-ed-black.com воқеан ободу пешрафтаро бунёд намоем».
Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи мазкур дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар самти кор бо ҷавонон зиёда аз 600 барномаи гуногуни фарҳангиву маърифатӣ баргузор намуда, барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстии ҷавонон ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми назарраси худро гузошт.
Дар анҷоми Форуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ» аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи театрӣ намоиш дода шуд.










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






