Канаск-мавзеи созгор барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Декабрь 15, 2017 13:39

ДУШАНБЕ, 15.12.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Деҳқонони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» соли равон дар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дар майдони зиёда аз 174 гектар ҳашт навъи тухмии картошкаи барвақтӣ кишт намуданд. Онҳо дар фасли тирамоҳ 3778 тонна  картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуда, 2072 тонна картошкаи тухмӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ содирот намуданд. Ҳосилнокии картошка дар соли аввали кишти картошка дар мавзеи мазкур   ба ҳисоби миёна 217 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ин бора директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» Бобишо Азиззода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар асоси  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар мавзеи Канаск аз ҷониби Дирексияи  сохтмони иншооти  ҳукуматӣ 3 адад анбори замонавӣ дар масоҳати 960 метри мукааб ба истифода дода шуд. Ду  адад анборҳои мавҷудае, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, пурра таъмир гардида, дар онҳо  ба миқдори  758 тонна    картошкаи тухмӣ барои кишт дар мавсими соли 2018  захира карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, кормандони корхонаи мазкур дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» то охири моҳи ноябри соли 2017   350 гектар  заминро  шудгор намуда, 120 гектарро пурра аз санг тоза карданд. Ҳамчунин барои таҷриба дар майдони 16 гектар кишти тирамоҳии картошка  гузаронида шуд. Ба иттилои масъулин, истифодаи 61 гектар замини кишоварзии соҳили чапи дарёи Канаск ва  22 гектару 55 сотих заминҳое, ки  обҳои зеризаминиашон баланд аст, аз сабаби набудани пули мошингузар ва заҳбуру заҳкашҳо дар мавсими кишти соли 2018 ғайриимкон аст.

Аз сабаби санглох будани заминҳои баъзе мавзеъҳои ин минтақа ва барои тоза намудани он аз сангҳои калон дар назар аст, ки соли 2018 4 адад техникаҳои пуриқтидор  ворид намоянд, то заминҳои пур аз сангро тоза намуда, масоҳати кишти картошкаро соли 2018 ба 400 гектар расонанд.

Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» мегӯянд, ки аз ҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ  600 оилаи хурди занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ҷудо гардидааст. Нигоҳубини оилаҳои занбӯри асал ба 10 нафар  занбӯрпарварони  деҳоти Ромит  вобаста шудааст. Ба ҳисоби миёна имсол аз ҳар як оилаи занбӯри асал ба миқдори 0,8-1,5 кг асали молӣ гирифтанд, ки 50 фоизашро кулчақанд тайёр намуда, барои хӯроки зимистонаи занбӯрон истифода менамоянд.

Бобишо Азиззода гуфт, ки КВД «Хоҷагии ёрирасони Канаск» бо 37 адад хоҷагиҳои чорвопарвар шартнома баста, чорворо дар майдони 21 964 гектар чарогоҳи мавзеи Канаск ҷойгир намудааст. Саршумори чорво 26 ҳазору 307 сарро ташкил намуда, аз он 24 894 сар моли майда ва 1413 сар  чорвои калони шохдор мебошад. Инчунин дар майдони 2598 гектар  4500 оилаи занбӯри асали шаҳрвандон ҷойгир карда шудааст.

Майдони умумии мавзеи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он салқин ва табиаташ зебову назаррабо аст. Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.

Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, рӯди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбӯрпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат хеле мусоид аст.

Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ созгор мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дастур дода буданд, ки дар ин мавзеъ барои мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла, бунёди роҳу дастрасии алоқаро таъмин намоянд.

Декабрь 15, 2017 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад