Кишоварзони Суғд ба хориҷи кишвар ба маблағи 9 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд
ХУҶАНД, 22.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон аз ҷониби кишоварзони вилояти Суғд ба бозорҳои берунӣ, яъне ба мамлакатҳои хориҷӣ ба маблағи 9 млн. доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, 24 ҳазору 746 тонна хушкмева ба маблағи 5 млн. доллари ИМА ва 51 ҳазору 790 тонна пиёз ба маблағи 2,2 млн. доллари ИМА содирот гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳамзамон давоми ёздаҳ моҳи сипаришуда кишоварзони вилоят ба маблағи 6 миллиарду 391,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 106,9 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 456 ҳазор тонна, мевагиҳо 119,7 ҳазор тонна ва ангур 54,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 сабзавот 22,8 ҳазор тонна, мевагиҳо 11,6 ҳазор тонна ва ангур 1,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон мутобиқ ба иттилои масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар маҷмӯъ давоми ёздаҳ моҳи соли 2017 дар сохтори воридоту содироти вилояти Суғд тағйироти мусбат бештар ба назар расида, аз ҷумла, суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот зиёд гашта, он мутаносибан 12,1 ва 11,8 фоизро ташкил намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






