Китоби тозанашри «Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ»- туҳфа ба китобхонаи вилоятӣ
ҚӮРҒОНТЕППА, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа профессор Махфират Хидирзода ба шуъбаи нусхаҳои ҳатмии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин 4 нусха китоби тозанашр таҳти унвони «Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ» тақдим карда шуд
Тавре директори китобхонаи мазкур Тутиниссо Юсупова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар китоби «Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ» маҷмӯаи мақола ва маърӯзаҳои доктори илмҳои фалсафа, профессор М. Хидирзода, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳо нашр шуда, дар конфронсҳои илмию назариявӣ ва ҷамъомадҳои сатҳи ватанию байнамилалӣ садо додаанд, гирд оварда шудаанд.
Китоби мазкур ба ҳамаи онҳое, ки ба омӯзиш ва таҳлили зуҳуроти замони муосир, воситаҳои ташаккули афкори омма, нақш ва мақоми ниҳодҳои иҷтимоӣ дар таҳкими истиқлолият ва суботу амният, инчунин нақши ҷумҳурии мо дар ҳалли масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ машғуланд, тавсия дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






