«ЛАБХАНДИ ҶАВОНӢ». Дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон намоиш дода шуд

Декабрь 16, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 16.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Бахшида ба Соли ҷавонон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Мақсади мо: муҳофизат ва нигоҳдошти оила» ҳамоиши  тарғиботӣ доир гардид. Дар доираи он нахустнамоиши «Лабханди ҷавонӣ»-маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони  назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  мутахассиси пешбари бахши таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саримҷон Салимов хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, пеш аз оғози маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон дар саҳни ҳавлии Театри давлатии ҷавонон мусобиқаи  шоҳмот ва  машқҳои варзишӣ доир карда шуд.

Баъд аз  тамошои нахустнамоиши «Лабханди ҷавонӣ»  ба ҳунари ҳаҷвнигорони ҷавон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи санъат  маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода  иброз дошт, ки  ҳаҷв яке аз санъатҳои миллати тоҷик  ба шумор рафта,  тӯли ҳазорсолаҳо мардум ин эҷодиёти даҳонакиро ҳифз намудаанд.

Тибқи иттилои Саримҷон Салимов, ҳаҷвнигорони ҷавон аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ шуда, шумораашон   15 нафарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии таъсиси  маҳфили ҳаҷнигорони ҷавон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва зинда нигоҳ доштани ҳаҷви тоҷик   миёни ҷавонон мебошад.

 

 

Декабрь 16, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд