Манзараҳои зебои ноҳияи Сангвор сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд
САНГВОР, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Сангвор Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуда, аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 изҳори хушнудӣ карданд. Зеро манзараҳои дилнишини ноҳияи Сангвор сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуда, дар сурати рушд ёфтани ин соҳа барои сокинони ин ноҳия ҷойҳои нави корӣ таъсис мегарданд ва тиҷорати соҳибкорону бонувони ривоҷдиҳандаи ҳунарҳои мардумӣ равнақ меёбад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






