Минбаъд дар кӯчаҳои Душанбе ба ҷои кормандони БДА нозирони тартибот (патрулҳо) фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз аввали моҳи декабри соли равон минбаъд дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба ҷои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нозирони тартибот (патрулҳо) фаъолият мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин кор бо супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ пешгирӣ намудани танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе мебошад.
«Аз ин пас дар роҳҳои пойтахт шумораи постҳо кам гардида, ба ҷои онҳо мошинҳои сайёри патрулӣ (нозирони тартибот) фаъолият мекунанд ва танҳо дар даромадгоҳи кӯчаҳо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ гузошта мешаванд. Ин амал метавонад пеши роҳи танбашавӣ ва қоидавайронкуниро дар роҳҳои пойтахт гирад. Зеро дар аксар давлатҳои пешрафта чунин низом роҳандозӣ шуда, натиҷаи хуб ҳам ба бор овардааст»,- гуфт Умарҷони Эмомалӣ.
Патрулҳо низ метавонанд дар ҳолати ба қайд гирифтани қоидавайронкунии роҳ санад тартиб дода, нисбат ба он чораҷӯӣ кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






