Минбаъд дар кӯчаҳои Душанбе ба ҷои кормандони БДА нозирони тартибот (патрулҳо) фаъолият мекунанд

Декабрь 5, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз аввали моҳи декабри соли равон минбаъд дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба ҷои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нозирони тартибот (патрулҳо) фаъолият мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин кор бо супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ пешгирӣ намудани танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе мебошад.

«Аз ин пас дар роҳҳои пойтахт шумораи постҳо кам гардида, ба ҷои онҳо мошинҳои сайёри патрулӣ (нозирони тартибот) фаъолият мекунанд ва танҳо дар даромадгоҳи кӯчаҳо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ гузошта мешаванд. Ин амал метавонад пеши роҳи танбашавӣ ва қоидавайронкуниро дар роҳҳои пойтахт гирад. Зеро дар аксар давлатҳои пешрафта  чунин низом  роҳандозӣ шуда, натиҷаи хуб ҳам ба бор овардааст»,- гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Патрулҳо  низ метавонанд дар ҳолати ба қайд гирифтани қоидавайронкунии роҳ санад тартиб дода, нисбат ба он чораҷӯӣ кунанд.

Декабрь 5, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе