Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз

Декабрь 11, 2017 12:39

ДУШАНБЕ, 11.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва дигар кишварҳои олами араб аҳамияти зарурӣ дода мешавад ва муносибатҳои гуногунҷанба бо ин давлатҳо самти муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо ба густариши равобити байнипарлумонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, муҳимияти рушду тавсеаи ин муносибатҳоро барои омодасозии заминаи ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳа, аз ҷумла, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъкид доштанд.

Ҳарду ҷониб ба таъмини субот, амният ва ҳамкории созандаи минтақавӣ, инчунин ҳалли ҳарчӣ зудтари қазияи кишварҳои мусулмонӣ мароқ зоҳир карда, барои муборизаи муштарак бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ин таъкид бар он доштанд, ки мо бояд бо иродаи муштарак кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро аз хатари онҳо эмин дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷиҳати таъсиси ниҳодҳои дахлдори таъминкунандаи равобити густурда ва судманди байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун таклифу пешниҳодҳои муфид ба миён гузошта шуд.

Мулоқот бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз 11.12.2017

Декабрь 11, 2017 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд