Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ
ДУШАНБЕ, 10.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.10 декабри соли 2017 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун баҳри тавсеаи ҳамкорӣ ва ба сатҳи баландтар баровардани онҳо имконоти фаровон доранд ва мо омодаем, бо дарназардошти манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст, тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳоямон истифода барем.
Ҷонибҳо зимни мулоқот аз имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ, ки бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва варзишу сайёҳиро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои имрӯза дар роҳи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Урдун бояд сохторҳо ва ниҳодҳои давлатии ду ҷониб робитаи зичу пурсамарро ба роҳ монанд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баҳри таъмини амнияту субот дар кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳонӣ ва мусоидат ба пешрафти давлатҳои минтақаро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардид.
Баъди анҷоми мулоқоти созанда дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ;
— Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ;
— Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар соҳаи фарҳанг ва санъат;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;
— Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба таъсис додани Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун.
Ҳамин тавр зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба хотири таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Урдун Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, дар маҷмуъ 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






