Мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикобод имсол ҳам ҳалли худро наёфт

Декабрь 8, 2017 11:23

ТОҶИКОБОД, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаҳои  Капалӣ ва Қалъаи лаби оби  маркази ноҳияи Тоҷикобод солҳои тӯлонист, ки аз нарасидани оби нӯшокӣ, махсусан дар фасли зимистон  азоб мекашанд ва ҳамеша барои гирифтани оби тозаи нӯшокӣ соатҳо интизор мемонанд. Раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби маркази ноҳия Ёдгор Тӯйчиев  мегӯяд, ки нарасидани оби нӯшокӣ бештар дар маркази ноҳия  ба мушоҳида мерасад. Хатҳои оби нӯшокии  ба маркази ноҳия кашидашуда талаботи шаҳрвандонро қонеъ карда наметавонанд, чунки ин қубурҳо  корношоям гардида, сокинон бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯянд. Мутаассифона, дар  буҷаи ҷамоати деҳот барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ  ва таъмиру тармими  хатҳои обӣ нушокӣ  маблағ пешбинӣ нагардидааст, аз ин рӯ  маъмурияти ҷамоат  имконияти бартараф кардани  чунин норасоиҳоро надорад.

Ёдгор Тӯйчиев баён дошт, ки бо супориши раиси ноҳия ҷиҳати  иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр хатҳои оби нӯшокии  маркази ноҳия таъмиру тармим гардида бошанд ҳам, мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ ба аҳолӣ ҳанӯз ҳам мушоҳида мегардад.

Масъулини ҳукумати ноҳия мегӯянд, ки барои бо оби ошомиданӣ  пурра таъмин намудани  сокинони ноҳия  тадбирҳои амалӣ андешида, барои ҷалби сармоягузорони  ватанию хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

 

Декабрь 8, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд