Навраси тоҷик дар олимпиадаи илмӣ дар Боку ғолиб гардид!

Декабрь 18, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10-15 декабр дар шаҳри Боку миёни хонандагони то 16- солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз илмҳои дақиқ- математика, физика ва химия олимпиада баргузор шуд.

Тавре аз Гимназия-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва П.В.» хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули  Бобохон Ҳафизов, Суннатулло Саидов ва Далер Пиров аз рӯи ҳисоби миёнаи холҳои бадастовардаи аъзои даста ҷои чорумро ишғол намуд. Дар ба даст овардани чунин натиҷа саҳми хонандаи синфи 9 аз шаҳри Душанбе Далер Пиров бо гирифтани 69 хол ва хонандаи синфи 10  аз ноҳияи Данғара Бобохон Ҳафизов  бо  гирифтани 21  хол  калон аст. Аъзои сеюми даста-хонандаи синфи 7   аз шаҳри Душанбе Сунатулло Саидов 7 хол ба даст овард.  Шоистаи таҳсин аст, ки Далер Пиров  шогирди Литсеи тоҷикӣ-русии «Хотам ва ПВ» бо бартарияти 20 хол нисбат ба ҷои дуюм, сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардида, ғолиби мутлақи  олимпиада дониста шуда, бо ноутбук сарфароз гардонида шуд.  Аъзои дигари даста Бобохон Ҳафизов  сазовори медали биринҷӣ ва планшет гардид.

Шоистаи зикр аст, ки олимпиадаи мазкур аз олимпиадаҳои фаннӣ  бо он фарқ мекард, ки ҳар як иштирокчӣ на аз як фан, балки бояд аз се фан- математика, физика ва химия масъалаҳои нисбатан мушкилро ҳал мекард.  Фарқияти дигари олимпиада аз он иборат буд, ки тамоми хароҷоти сафари иштирокчиён ва роҳбарони дастаи Тоҷикистонро  худи созмондиҳандагони олимпиада-Вазорати ҷавонон ва спорти Озарбойҷон пардохт.

Ҳамзамон онҳо нисбат ба дастаи Тоҷикистон меҳрубонии зиёд ва истиқболи хосса зоҳир намуданд, ки боиси хушнудии наврасони тоҷик гардид.

 

Декабрь 18, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст