ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани барфу борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

Декабрь 23, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 23.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок гардида, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф ва баъзан фаромадани туман пешбинӣ  шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 23 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳамчунин ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барфу борон ва рӯзона ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ  шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 ва  рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

 

Декабрь 23, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст