ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 14 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва дар баъзе ҷойҳо 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 13-18, дар баъзе ҷойҳо то 19-24 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
«Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст»-иттилоъ дод манбаъ.
14 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






