ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Декабрь 9, 2017 10:18

ДУШАНБЕ, 9.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон  мерасонад, ки имрӯз, 9 декабр  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок,  ғуборолуд ва дар баъзе ноҳияҳо боридани барону барф пешгӯӣ мегардад.

Ба иттилоъи манбаъ имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  1-6 ва рӯзона аз 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар шарқи вилоят боридани борону барф ва дар ғарби вилоят ҳавои  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  10-15, дар хунук ва  рӯзона аз як дараҷа хунук то  4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона аз 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки  бебориш баъзан ғуборолуд ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориши ғуборолуд пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 9, 2017 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд