ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат каме паст мефарояд. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Сокинони Душанберо ҳавои боронӣ дар назар аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 5 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 26 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Обуҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфро пешгӯӣ мекунанд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 дараҷа хунук ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






