ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар аст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳо ҳавои бебориш ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 10-15 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағёирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои бебориш ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барфу борон дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






