ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои софу беғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 29 декабр дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор гашта, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои софу беғубор пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 29 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софу беғубор шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






