ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 11.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






