ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ мешавад

Декабрь 15, 2017 08:58

ДУШАНБЕ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок   ва дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф дар назар аст.

«Имрӯз, 15 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ҷойҳо  боридани  барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5  ва дар баъзе ҷойҳо 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  14-19, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад»,-иттилоъ дод манбаъ.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ 15 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш, баъзан фаромадани туман пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук,  рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва дар баъзе ҷойҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

 

Декабрь 15, 2017 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд