ОМАД ФАСЛИ ЗИМИСТОН! Дар рӯзи аввали фасли дай ҳавои Тоҷикистон аз порсола гармтар аст

Декабрь 1, 2017 10:15

ДУШАНБЕ, 1.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 1 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, абрнок ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст.

Обуҳавошиносон иттилоъ медиҳанд, ки  имрӯз дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо боридани борон борида, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанди абрнок, шабона дар ноҳияҳо ҳавои бебориш, рӯзона дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва  дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи наздикӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо тақрибан то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5  дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  12-17 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо бебориш ва дар охири рӯз дар баъзе ҷойҳо боридани борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона  0-5 дараҷа ва рӯзона 10-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар охири рӯз боридани борон пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 1, 2017 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд