Паёми Пешво–роҳнамои мо

Декабрь 25, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр  дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тамошои пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратпазир гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Сафорат, курсантҳои Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев, инчунин дигар донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва фаъолони ҷамъиятии тоҷик ширкат варзиданд.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, туризм ва маорифро барои солҳои 2018 муайян намуд.

Дар фароянди тамошои Паём Сафир Рустам Солӣ бо иштирокдорон мулоқот анҷом дода, аз дипломатҳо ва донишҷӯён дархост ба амал овард, ки дар фаъолияти хеш тибқи дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд, амал намуда, тамоми талошҳои худро баҳри татбиқи онҳо равона созанд.

 

Декабрь 25, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа