Паёми Пешвои миллат-таҳкимбахши пояҳои истиқлолият

Декабрь 27, 2017 15:08

КӮЛОБ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  26 декарбри соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ВНМО-и минтақа» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳҳоров, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, директори Маркази зидди бемориҳои ВНМО дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ Сарахон Абдуқаҳҳоров иброз намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад. Инчунин зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста тадбир меандешад.

 

 

 

Декабрь 27, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд