Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори «Кохи Сомон» ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардид. Пешвои миллат дар бораи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти неруи барқ зикр карданд, ки «лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» яке аз кӯҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд».
Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда, ҳамчунин бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст».
Илова бар ин, ҳоло барои навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст.
Пешвои миллат ҳамчунин таъкид карданд, ки «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад».
Зимнан бояд зикр намуд, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати пешгирифта маҳдудияти таъминоти неруи барқ пурра аз байн бардошта шудааст: «Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо неруи барқ бе маҳдудият таъмин намоем».
Сарвари давлат мақомоти дахлдор ва сокинони мамлакатро барои истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ ҳидоят намуда, зикр карданд, ки нархи неруи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хеле арзон аст: «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла, тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки доир ба такмили низоми ташкиливу идоракунии таъминот бо барқ, аз ҷумла, оид ба таҷдиди сохтори Ширкати «Барқи Тоҷик», баҳисобгирӣ, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи он тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем».
«Тарифи миёнаи як киловатт-соат неруи барқ ба аҳолӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба мисли Қазоқистон 30 дирам, Россия 38-40 дирам, Беларус 44-45 дирам, Ӯзбекистон 53-55 дирам, Арманистон — 80 дирам буда, дар Аврупо, аз ҷумла, Дания, Германия, Белгия ва дигарҳо ҳатто 2,8-3 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи як киловатт-соат барқ ҳамагӣ 17 дирамро ташкил медиҳад».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






