РАДДАБАНДИИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН АЗ РӮЙИ САТҲИ РУШД ДАР СОЛИ 2017: Тоҷикистон аз Ҳиндустон ва Покистон пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 21.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимоӣ (Social Progress Index, SPI) аз 100 холи эҳтимолӣ 58,87 хол касб карда, ҷойи 92-юмро ишғол намуд. Дар ин бора сомонаи расмии Ташкилоти байналмилалии «Social Progress Imperative» (ИМА) хабар медиҳад.
Ҳамин тавр дар ин раддабандӣ (рейтинг) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин кишварҳои калони Осиё, ба мисли Ҳиндустон (ҷойи 93-юм, 58,39 хол), Бангладеш (ҷойи 97-ум, 54,84 хол), Покистон (ҷойи 105-ум, 51,54 хол), Яман (ҷойи 122-юм, 43,46 хол) пешсаф аст. Дар ин индекс Россия ҷойи 67-ум (67,17 хол) ва Чин ҷойи 83-юм (63,72 хол)-ро ишғол менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар саргаҳи индекси мазкур мутахассисони Донишгоҳи Гарвард ва Донишгоҳи технологии Массачусетс қарор доранд. Ин индекс на танҳо омилҳои иқтисодиро дар бар мегирад, ҳамчунин ҷанбаҳои иҷтимоию экологӣ, аз қабили маориф, тиб, ҳифзи муҳити зист, озодии шахсиятҳо, таҳаммулгароӣ нисбат ба ақаллиятҳоро фарогир аст. Ҳамаи ин омилҳо дар асоси харитаи ҷаҳонӣ, ки дидани сатҳи рушди кишварҳо имконпазир аст, таҳия шудаанд.
Дар натиҷа, Данияи хурд (бидуни ҳудуди худ-ҷазираҳои Фарер ва Гренландия) бо гирифтани 90,57 хол кишвари аз ҳама пешрафтаи ҷаҳон гардид.
Агар ба даҳгонаи пешсаф нигарем, метавон 7 кишвари аврупоиро бинем. Инчунин ба ТОП-10 Канада, Австралия ва Зеландияи Нав шомиланд.
Кишвари аз ҳама суст аз рӯи рушди иҷтимоӣ Ҷумҳурии Марказии Африқо гардид. Дар маҷмӯъ, дар даҳгонаи охир 8 кишвари африқоӣ ва ду кишвари Осиё-Афғонистон ва Яман ҷой гирифтаанд.
Дар умум 128 кишвар аз рӯи 50 категория арзёбӣ гардидаанд. Худи истилоҳи «Рушди иҷтимоӣ»-ро муаллифон чун «қобилияти ҷомеа ба татбиқи эҳтиёҷоти асосии инсон, инчунин фароҳам овардани тамоми шароит барои татбиқи иқтидорҳои инсонӣ ва боло бурдани сифати зиндагӣ» шарҳ медиҳанд.
ТОП-10 кишвар бо сатҳи аз ҳама баланди рушд
| 1.Дания | 90,57/100 |
| 2.Финляндия | 90,53/100 |
| 3.Исландия | 90,27/100 |
| 4.Норвегия | 90,27/100 |
| 5.Швейтсария | 90,10/100 |
| 6.Канада | 89,84/100 |
| 7.Нидерландия | 89,82/100 |
| 8.Шветсия | 89,66/100 |
| 9.Австралия | 89,30/100 |
| 10.Зеландияи нав | 89,30/100 |
10 кишвар бо сатҳи аз ҳама пасти рушд
| 128.Ҷумҳурии Африқои Марказӣ | 28,38/100 |
| 127.Афғонистон | 35,66/100 |
| 126.Чад | 35,69/100 |
| 125.Ангола | 40,73/100 |
| 124.Нигер | 42,97/100 |
| 123.Гвинея | 43,40/100 |
| 122.Яман | 43,46/100 |
| 121.Эфиопия | 45,29/100 |
| 120.Серра-Леоне | 47,10/100 |
| 119. Мадагаскар | 47,40/100 |
P.S. SPI ба ташкилоти Social Progress Imperative, ки накӯкорон, сиёсатмадорон ва соҳибкорони иҷтимоӣ (аз ҷумла, чунин ташкилотҳо: Deloitte, Cisco, Фонди Сколл)-ро бо ҳам муттаҳид месозад, марбут аст. Ин гурӯҳ соли 2009, пас аз буҳрони молиявии навбатӣ ташкил шуда, соли 2013 Social Progress Imperative ба ҷаҳон индекси худ-SPI-ро пешниҳод намуд.









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






