Роҳандозии низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Парлумон баррасӣ шуд

Декабрь 1, 2017 14:55

ДУШАНБЕ, 01.12.2017/АМИТ «Ховар»/. «Роҳандозии низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ (доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос – доктор ҳабилитат), омодагиҳо, замина ва натиҷаи гузариш ба низоми мазкур» имрӯз зимни як нишаст дар Парлумони мамлакат баррасӣ гардид.

Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва Раҳматулло  Мирбобоев, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиё зикр карда буданд, ки «низоми маориф яке аз муҳимтарин низомҳои замони мост. То даме ки дар сохтори таҳсилот тағйироти куллӣ ба амал наояд, мо дар рушди фарҳанг ва маориф ба дараҷаи дилхоҳ расида наметавонем».

Таъкид шуд, ки вобаста ба танзими муносибатҳо дар соҳаи илм оид ба роҳандозӣ намудани дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ (бакалавр – магистр – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос – доктор ҳабилитат) зарурат пеш омад, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» пешниҳод гардиданд, ки алҳол лоиҳаи қонунҳои мазкур  дар баррасии Парлумон қарор дорад.

Ҳамзамон доир ба роҳандозии низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Розиқзода дар назди вакилон сухан карданд.

Декабрь 1, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд