Санаи маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои футболи тоҷик маълум гардид

Декабрь 18, 2017 12:11

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр  маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон  ба беҳтаринҳои мавсими соли 2017  дар маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз»-и шаҳри  Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» хабар  дод.

Зикр шуд, ки дар ин маросим ғолибон аз рӯи беш аз 20 номгӯ (номинатсия)–беҳтарин футболбоз, мураббӣ, довар ва дигар номзадҳои мавсими 2017 бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.

Ҳоло соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин нишонзан» маълум аст. Вай ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев мебошад, ки имсол дар бозиҳои чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз ҳама бештар-16 гол задааст.

Сараввал ба ширкаткунандагони маросим навори видеоӣ дар бораи натиҷаи  мавсими имсола пешкаш мегардад. Зимнан бояд гуфт, ки ФФТ имсол корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар иҷро кард. Ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ҷумҳурии мо панҷ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасону ҷавонон ва бонувон доир гардид.

Имсол дастаҳои мунтахаби наврасони 16-сола ва ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2018 мушарраф шуданд. Инчунин дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба қисми финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт. Дар доираи мусобиқоти интихобии чемпионати Осиё-2019 ва Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2017 имсол дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳо бо ширкати дастаҳои миллӣ ва бошгоҳҳои футбол аз кишварҳои мухталифи қора баргузор шуданд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе- чемпиони Тоҷикистон дар Ҷоми AFC ба бозии финалӣ роҳ ёфт.

Декабрь 18, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд