САРЧАШМАИ «ГАНҶҲОИ НУҲУФТА». 11 декабр- Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо

Декабрь 11, 2017 15:20

ДУШАНБЕ, 11.12.2017 АМИТ /«Ховар»/.  Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид тақрибан 22%-и кураи заминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки дар пешбурди рушди устувори иқтисодии ҷаҳон нақши муҳим мебозанд. Наздик ба 915 миллион одамон  ё 13% -и аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳои кӯҳӣ умр ба сар мебаранд. 

Имрӯз, 11 декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Таърихи пайдоиш ва таҷлили ин рӯз ҳанӯз соли 1992 дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид  оид ба муҳити зист ва рушд ба миён омадааст.

Бо мақсади зиёд намудани диққати ҷомеа ба нақши кӯҳ Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2002-юмро Соли байналмилалии кӯҳ эълон намуд. Аз он ба баъд 11 декабр бо қарори махсуси СММ ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳ эълон гардид.   Дар рушди иқтисоди миллии ҳар давлат нақши муҳим гузоштани қӯҳҳо ин аст, ки дар онҳо захираҳои бойи канданиҳои фоиданок (сарчашмаи «ганҷҳои нуҳуфта»), аз қабили нафту газ, тиллою нуқра,  сурма, ангишт, намак, пиряхҳо, обҳои ошомиданӣ ва минералӣ, сангҳои қиматбаҳо  ва дигар маъданҳои кўҳӣ  мавҷуд мебошанд.

Ассамблеяи Генералии СММ ҷомеаи ҷаҳонро ба он даъват намудааст, ки дар ин рӯз бо мақсади зиёд кардани диққати мардум ба мушкилоти рушди минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон ва зарурати расонидани кумак ба сокинони он дар ҳамаи сатҳҳо барномаҳо ташкил намоянд.

Бо вуҷуди ин фаромӯш набояд кард, ки кӯҳҳо – барои бисёр навъҳои нодири олами набототу ҳайвонот, сарчашмаи об ва дарёҳо ҳамчун мамнӯъгоҳ дар рӯйи замин мебошанд, ки барои рушди туризми мамлакати кӯҳӣ мусоидат хоҳанд кард.

Инчунин сокинони минтақаҳои кӯҳиро метавон посдорандаи таъриху фарҳанги ҳар як миллат номид, зеро аҷдодонашон дар он ҷо зиндагӣ кардаву аз онҳо нишонаҳои зиёди фарҳангиву таърихӣ боқӣ мондаанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, 93 %-и онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳои сарбафалаккашида бо зебоиҳои нотакрорашон дили ҳазорон сайёҳону кӯҳнавардонро дар саросари ҷаҳон тасхир намудаанд. Аз ин ҷост,  ки Тоҷикистонро аз рӯи шаҳомати кӯҳҳо ва табиати назаррабояш  «Швейтсарияи дуюм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ ном мебаранд.

Далели ин гуфтаҳо он аст, ки нимаи сеюми моҳи июни соли равон ҳайати Ҳукумати Швейтсария таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Дидйе Буркхалтер аз гӯшаи (павилйони) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсуси «ЭКСПО-2017» дар Остона дидан кард. Дидйе Буркхалтер бо экспозитсияи Тоҷикистон батафсил шинос шуда, чунин зикр кард: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд. Швейтсария ва Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла, аз ҷиҳати табиати нотакрори кӯҳӣ, дарёҳои пурмавҷ, кӯлҳо, манбаъҳои обҳои шифобахш ва олами набототу ҳайвонот ба ҳам монанд мебошанд».

27 сентябри соли 2017 дар яке аз шаҳрҳои сайёҳии Португалия – Кашкайше ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ рейтинги ҷаҳонии «100 green destinations» — «100 самти устувори ҷаҳонӣ» (The Sustainable Destinations Top 100) интишор шуд. Тибқи рейтинги мазкур, ки дар он 36 кишвар иштирок намуда, дар маҷмӯъ 350 самти сайёҳиро муаррифӣ карданд, баландкӯҳи Помир («Боми ҷаҳон»)-и Тоҷикистон дар баробари минтақаҳои сайёҳии Аргентина, Канада, Чин, Германия, Мексика, Нигерия, Австрия, Италия ва Танзания дар қатори «100 самти устувори ҷаҳонӣ» ворид гардид.

Бояд зикр кард, ки баландкӯҳи Помири Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки пай дар ҳам ба рейтинги «100 беҳтарин» («Top 100») макони устувор ё сабз барои сайёҳии ҷаҳон шомил мешавад. Дар гузашта дар рейтинги мазкур якбора се макони зеботарини Тоҷикистон: кӯҳҳои Помир, водии Вахон ва дараи Бартанг ҷой гирифтанд.

Тибқи маълумот, аз панҷ  қуллаи баландтарини ҷаҳон сетои он  дар  ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд мебошанд,  ки инҳо қуллаҳои ба номи Исмоили  Сомонӣ (7495 метр), Абуалӣ ибни  Сино (7134 метр) ва  Евгения Корженевская (7105 метр) мебошанд. Қуллаҳои  кӯҳҳои Тоҷикистон, ки  хеле баланд, мушкилгузар   ва ниҳоят назаррабову тасхиркунандаанд, барои ҷалби бештари  сайёҳон — кӯҳнавардон ба Тоҷикистон замина мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди  соҳаи  сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Қабул гардидани Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ва дигар қарору қонунҳои соҳавӣ далели таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии давлату ҳукуматанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди бомароми соҳаи сайёҳӣ чунин дастур доданд: «Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд».

Идомаи мантиқии тадбирҳои дар ин самт андешидашуда ин аст, ки соли равон дар асоси супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дода буданд, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Кумитаи мазкур дар тӯли фаъолияти чандмоҳаи худ дар самти тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом расонид.

Яке аз корҳои дар самти ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани боигариҳои самти туризми Тоҷикистон анҷомдодаи Кумита- ин баргузор намудани Экспедитсияи  байналмилалии кӯҳанвардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр мебошад.

«Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июл то 11 августи соли 2017 барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардиро доир намуд, — гуфт сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухрӯз Иззатуллоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар». Дар экспедитсияи мазкур кӯҳнавардон 16 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, аз Федератсияи Россия, Туркия, Украина, Индонезия, Эстония, Лаҳистон, Италия, Испания, Франсия, Британияи Кабир, Юнон, Эрон, Норвегия, Австрия, Германия ва  Австралия бо назардошти роҳбаладони хориҷии кӯҳнавардон дар маҷмӯъ 99 нафар ширкат варзиданд».

Номбурда илова намуд, ки бо мақсади рушди соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Кумита портали миллии сайёҳӣ таҳия гардида, 1 декабри соли равон дар доираи васеи ширкатҳои сайёҳӣ, шарикони рушд ва воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд, ки бозори сайёҳии мамлакатро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пайваст намуда, ба рушди соҳа дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Зикр шуд, ки солҳои охир ташрифи сайёҳон ба мамлакат афзоиш ёфта, тибқи маълумоти мавҷуда, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба Тоҷикистон 411 ҳазору  89 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 359 ҳазору 987 нафар сайёҳ мебошанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 47 ҳазору 385 нафар ё ба андозаи 15,2% зиёд мебошад»,-зикр кард  Фаррухрӯз Иззатуллоев.

КӮҲҲО ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

«Кӯҳҳо аз ҳама бештар ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонанд. Сокинони минтақаҳои кӯҳӣ назар ба дигар мавзеъҳо аз гуруснагӣ ва фақирӣ азият мекашанд. Дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво сокинони минтақаҳои кӯҳиро обшавии пиряхҳо таҳдид мекунад. Имрӯз зиёда аз 39%-и аҳолии ноҳияҳои кӯҳӣ дар мамлакатҳои тараққикардаистода ва ё 329 миллион нафар дар ҳолати норасоии озуқаворӣ зиндагӣ доранд»,-омадааст дар матлабе, ки бахшида ба ин Рӯз дар сомонаи расмии СММ нашр шудааст.

Азбаски Тоҷикистон  мамлакати кӯҳӣ аст, метавон кӯҳҳои онро сарчашмаи пайдоиши об, манзили пиряхҳо ва мамнӯъгоҳи олами ҳайвоноту набототи нодир номид. Масъалаи тағйиёрбии иқлим дар баробари ҷомеаи башар аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дур нест, зеро чанд сол пештар дар Тоҷикистон бештар аз 14 ҳазор пиряхҳои хурд, миёна ва калон вуҷуд доштанд, вале имрӯз беш аз 1000-тои онҳо нест шудаанд.

Яке аз пиряхҳои азими Тоҷикистон, ки бо номи Пиряхи Федченко дар олам машҳур аст, дар нишебии шарқии қаторакӯҳи Академияи илмҳо дар Помир ҷойгир мебошад. Дарози ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км², ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км² мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м.). Ҳаҷми умумияш ба 93,8 км³ баробар буда, дар он қариб 100 км³ об захира шудааст. Ин пиряхи бузургтарини минтақавӣ- пиряхи Федченко тайи даҳсолаи охир  дар ҳаҷми наздики 2 км мураббаъ об шуда, боиси нигаронии роҳбарияти олии мамлакат гардидааст.

Ин аст, ки 27 сентябри соли 2015 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» суханронӣ намуда, аз ҷумла, иброз доштанд:

“Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст… Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳамияти хосса хоҳад дошт».

Аз раванди шадиди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, балки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки 11 июни соли равон ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз кӯли Сарез ва минтақаи кӯҳҳои Помир боздид ба амал оварда буд, изҳори  нигаронӣ намуд.                      «Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки таъсири тағйирёбии иқлим, ки онро дар Тоҷикистон мушоҳида кард, ӯро дар ҳайрат гузошт. Тақрибан сӣ дарсади пиряхҳои ин кишвар аллакай об шудаанд», — омадааст дар иттилоияи Маркази иттилооти СММ.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва пешгирии тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад, даъват менамоянд.

Дар Тоҷикистон барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва кам гардидани офатҳои табиӣ корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, барои ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 қабул гардидааст. Инчунин оид ба татбиқи барномаи мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва  амалӣ шуда истодааст.

Тавре дар боло зикр кардем, кӯҳҳоро сарчашмаи пайдоиши дарёҳо низ номидан мумкин аст. «Аз рӯи сарчашмаи пайдоиш ва ё ғизогирӣ онҳо ба дарёҳои аз ҳисоби боришоти атмосферӣ ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби барфу захираҳои барфӣ ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби пиряхҳо ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизогиранда ва дарёҳои аз ҳисоби барфу пирях ғизогиранда ҷудо мешаванд»,-иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриаллоҳ Сарабеков,.

Номбурда зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз рӯи маълумот 25 ҳазору 200 дарё ба ҳисоб гирифта шудаанд. «Аз ин шумора дарёҳое, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд,  947 адад мебошанд. Вобаста ба он, ки баъзе сойҳои аз ҳисоби чашмаҳо ғизогиранда ва мавсимиро, ки маҷрои доимӣ надоранд, ҳисоб намекунанд, шумораи умумии дарёҳо аз 25 ҳазору 200 то 28 ҳазору 500 адад ҳисобида шудаанд. Яке аз хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ин аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст».

Аз далелҳои боло бармеояд, ки мамлакати мо бо вуҷуди доштани қуллаҳои осмонбӯс ва пиряхҳои азим, ҳамчунин аз лиҳози обҳои тозаи ошомиданияш дар ҷаҳон машҳур гардидааст, ки далели ин гуфтаҳо аз ҷониби СММ пазируфта шудани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар самти об мебошад.

Пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти дастрасии ҳамагон ба оби тоза ва расидан ба яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувор боиси зикри хос аст:

  • cоли 2003 – «Соли оби тоза»;
  • солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»;
  • соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об»;
  • солҳои 2018-2028- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Рӯзи байналмилалии кӯҳ таҳти шиорҳои гуногун, аз ҷумла, «Ҷаҳон: ноҳияҳои кӯҳӣ- калиди рушди устувор мебошанд», «Озуқавории бехатар дар кӯҳҳо», «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар кӯҳҳо», «Кӯҳҳо: калиди рушд барои оянда» ва  ғайраҳо таҷлил карда мешаванд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

Тоҳирҷон САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»  

Декабрь 11, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод офатҳои табиӣ бартараф карда мешаванд
Дар шаҳри Конибодом ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба он дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фестивалҳои футбол доир мешаванд
Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияиҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони бошиддат дар назар аст
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад