«ШАҲРИ АФСОНАҲО». Душанбегиҳоро дар Соли нав Шоу-барномаи солинавӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 16.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2018 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ин мақсад аз ҷониби масъулин сенарияи Шоу- барномаи солинавӣ бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ ва намоишномаи кӯдаконаи солинавии «Шаҳри афсонаҳо» дар Сирки давлатии Тоҷикистон таҳия гардида, ба иштирокчиёни ин намоишномаи солинавии кӯдакона тақдими 1840 адад туҳфаи солинавӣ дар назар дошта шудааст.
«Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида барои бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ дар майдони «Дӯстӣ» ва чор мавзеъи ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», Боғи «Дӯстии халқҳо», назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон арчаҳои идона гузошта шудаанд. Ҳамчунин масъулини сохторҳои дахлдор вазифадор гардидаанд, ки боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳои фарҳангии пойтахтро бахшида ба Соли нави мелодӣ бо истифода аз чароғакҳои светоидиву барқӣ ва хаёлоти рангини бадеӣ ороиш диҳанд»,- афзуд манбаъ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт барномаҳои идонаи солинавӣ баргузор шуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим мегарданд. Ҳамзамон масъулини пойтахт вазифадор гардидаанд, ки дар арафаи иди Соли нав ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳои барҷомонда, шахсони ниёзманд, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ ва хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон рафта, ба онҳо кумаки моддӣ расонанд.
31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони “Дӯстӣ” Шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 10 декабри соли равон дар маркази майдони «Дӯстӣ», рӯ ба рӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохт. Арчаи солинавӣ бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин арчаи идона аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ дорад. Хусусан шабона бо фурӯзон гардидани чароғакҳои ранга арчаи солинавӣ боз ҳам диққатҷалбкунанда мегардад. Сокинону меҳмонони пойтахт аз назди он бетавофут гузашта наметавонанд. Онҳо тавассути телефонҳои мобилӣ арчаи солинавиро бо шавқ аксбардорӣ намуда, аз зебогии он баҳра мебаранд.












МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






