Шараф Файзуллозода: «Хоруғ пас аз чанд сол ба яке аз шаҳрҳои зеботарини кишвар табдил меёбад»

Декабрь 9, 2017 09:49

ХОРУҒ, 9.12.21017 /«АМИТ Ховар»/. Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва сардори Раёсати тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода бо мақсади вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз баъзе иншооти сохташавандаи шаҳри Хоруғ боздид ба амал оварданд.

Гурӯҳи корӣ бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар бинои  маорифи шаҳру  вилоят, Коллеҷи тиббӣ бо хобгоҳаш дар маҳаллаи Хоруғи боло шинос гардида, бо бинокорон суҳбат намуд. Бар асоси нақша бинои  Раёсати маориф   аз 5 ошёна иборат буда,  корҳои сохтмониро  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назрӣ» ба уҳда дорад.  Ҳамчунин дар шафати он    бинои Коллеҷи тиббӣ бо хобгоҳаш бунёд мегардад ва сохтмони он низ бомаром идома дорад.

Аъзои гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонии театри вилоятӣ аз наздик шинос гардиданд. Айни  ҳол дар ин сохтмон  зиёда аз 100 нафар бинокорон кор мекунанд, ки 96 дар сади онҳо сокинони шаҳри Хоруғ мебошанд. Маблағи сохтмони театри нав 35 миллион  сомонӣ буда, то ба имрӯз   ба андозаи 6,5    миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.  Қарор аст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2019-ум пурра ба анҷом расида, театри нав бо якуним ҳазор ҷои нишаст мавриди истифода қарор гирад.   Дар рӯ ба рӯи театри вилоятӣ сохтмони  ду бинои  12-ошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони  иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ идома дорад. Муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бунёд» Назарсултон Саидикова гуфт, ки барои бунёди ин биноҳо  40 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.  Ҳоло 50 нафар коргарони маҳаллӣ  дар ин сохтмон фаъолият доранд ва бо мурури замон теъдоди бинокорон боз ҳам афзоиш меёбад. Каме дуртар аз он дар канори роҳи марказии шаҳр   сохтмони  бинои 16-ошёнаи истиқоматӣ   дар назар дошта шудааст.

Азбаски масоҳати шаҳри Хоруғ хурд аст ва минбаъд барои бунёди биноҳои маъмурию маишӣ, фарҳангию тандурустӣ ва истиқоматӣ имконият маҳдуд аст, ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар мавзеи Тем боз як шаҳрча бунёд карда шавад.  Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Диловар Хосабеков гуфт, ки  барои бунёди ин шаҳрча  270 гектар замин  ҷудо гардида, дар марҳилаи аввал барои сохтмони  муассисаҳои таълимию тиббӣ ва маишӣ  дар масоҳати 10 гектар замин ҷудо гардидааст. Шаҳри нав барои зиёда аз 20 ҳазор нафар аҳолӣ  пешбинӣ  шудааст. Тарҳи шаҳрчаро пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар»  таҳия намудааст.

Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Хоруғ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ  бинои таълимии 9-ошёнадор, хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ сохта мешаванд. Ҳоло бунёди шаҳрчаи донишҷӯён ҷараён дорад. Фармоишгари ин сохтмон  Дирексияи  сохтмони иншооти  ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда,  маблағи сохтмони он баробар ба 40 миллион сомонӣ мебошад.  Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Диловар Хосабеков гуфт, ки ҳоло  5 миллиону 260 ҳазор сомонӣ барои анҷоми корҳои лоиҳакашӣ ва зербиноӣ  масраф шудааст.

Гурӯҳи корӣ    бо ҷараёни  сохтмони бинои  48-ҳуҷрадори  истиқоматӣ, воқеъ дар маҳаллаи Тирчид низ шинос гардид.  Ин бинои панҷошёна бо маблағи зиёда аз 10 миллион сомонӣ сохта мешавад, ки фармоишгари он мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят сохтмони 23 иншоот давом дорад, ки маблағи умумиашон беш аз 100 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сардори Раёсати тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода дар суҳбат бо бинокорон гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то шаҳри Хоруғро ба яке аз шаҳрҳои зеботарини кишвар табдил диҳад ва дар ин роҳ неру ва маблағро дареғ намедорад. Мавсуф ҳамзамон ба бинокорон таъкид кард, ки ба суръат ва сифати корҳо аҳамияти бештар диҳанд.

Декабрь 9, 2017 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад