«Шоҳдухтари дилдода»-и Раҷабалӣ Қудратов — дар Корея
ДУШАНБЕ, 12.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳдухтари дилдода»- таҳти чунин унвон асари нависандаи тоҷик Раҷабалӣ Қудратов дар Ҷумҳурии Корея ба нашр расид.
Тавре муаллифи асар Раҷабалӣ Қудратов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, китоби мазкур бо се забон – русӣ, англисӣ ва куриёгӣ нашр гардида, дар назар аст рӯзҳои наздик бо забони тоҷикӣ низ рӯи чоп ояд.
Асари мазкур дар доираи Барномаи байналмилалии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва панҷ кишвари Осиё мунташир гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки расмҳои китоби мазкур аз ҷониби рассоми маъруфи кореягӣ Ким Сонхи, ки дар чандин озмунҳои байналмилалии рассомӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст, тасвир шудаанд.
Китоби мазкур барои доираи васеи насли наврас пешбинӣ шуда, хеле ҷолибу хонданист ва он диққати хонандагонро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб менамояд.
Дар сарсухани китоб инчунин доир ба Тоҷикистон ва фарҳанги волои он маълумоти мухтасар дода шудааст, ки хонанда аз он баҳраи хуб мебардорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






