«Шоҳдухтари дилдода»-и Раҷабалӣ Қудратов — дар Корея

Декабрь 12, 2017 15:06

ДУШАНБЕ, 12.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳдухтари дилдода»- таҳти чунин унвон асари нависандаи тоҷик Раҷабалӣ Қудратов дар Ҷумҳурии Корея ба нашр расид.

Тавре муаллифи асар  Раҷабалӣ Қудратов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, китоби мазкур бо се забон –  русӣ, англисӣ ва куриёгӣ нашр гардида, дар назар аст рӯзҳои наздик бо забони тоҷикӣ низ рӯи чоп ояд.

Асари мазкур дар доираи Барномаи байналмилалии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва панҷ кишвари Осиё мунташир гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки расмҳои китоби мазкур аз ҷониби рассоми маъруфи кореягӣ Ким Сонхи, ки дар чандин озмунҳои байналмилалии рассомӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст, тасвир шудаанд.

Китоби мазкур барои доираи васеи насли наврас пешбинӣ шуда, хеле ҷолибу хонданист ва он диққати хонандагонро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб менамояд.

Дар сарсухани китоб инчунин доир ба Тоҷикистон ва фарҳанги волои он маълумоти мухтасар дода шудааст, ки хонанда аз он баҳраи хуб мебардорад.

Декабрь 12, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Хоруғ мизбони конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти сулҳу ваҳдат шуд