ШОИСТАИ ҲАР ХОН. «Лаззати нони тоҷикӣ ва ҳунари нонпазии бонувони тоҷик дар ҷаҳон ҳамто надорад»-бардошт аз намоиши маҳсулоти нонӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 23.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони назди Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир гардид.
Дар намоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радио, шаҳру ноҳияҳои гирду атрофии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшани вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иштирок доштанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ифтитоҳи ин намоиш зикр кард, ки лаззати нони тоҷикӣ ва ҳунари нонпазии бонувони тоҷик дар ҷаҳон ҳамто надорад ва ҳадаф аз баргузории маъракаи имрӯза ҳам арҷгузорӣ ба ҳунари нонпазӣ, тарғиби нони тоҷикӣ ва дарёфти беҳтарин нонпазҳо мебошад.
Дар майдони намоишгоҳи мазкур 25 адад дегу дегдон барои пухтани нони тоҷикӣ насб гардида, 30 нафар занони кадбону аз тамоми ҷумҳурӣ (5 нафарӣ аз ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт) ҳунари нонпазии хешро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд.
Нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони тоҷикӣ, аз қабили нони чапоттӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қалама, ҳалвои сурх ва сафедро пешниҳод намуданд.
Иштирокдорони намоиши маҳсулоти нонӣ ҳамчунин ориши дастурхони намояндагони минтақаҳои ҷумҳуриро тамошо карда, ба ҳунари волои кадбонувони тоҷик аҳсан мехонданд.
Дар гӯшаи дигари ин намоишгоҳ ярмаркаи фурӯши кишоварзию агросаноатӣ доир гардид.























Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






