СОҲИЛИ ПОК- ГАРАВИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ. Ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида мешавад
ХОРУҒ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қад-қади дарёи Панҷ амалиёти «Соҳили пок» роҳандозӣ гардид. Дар ин амалиёт хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ширкат намуданд. Сардори раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев гуфт, ки моҳе як маротиба дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ соҳили рӯдхонаи Панҷ дар ҳудуди бозори «Тоҷикматлубот» ва «20-солагии истиқлолият» аз ахлоту партовҳои истеҳсолӣ пок карда мешавад.
Дар амалиёт беш аз 100 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонон иштирок намуданд. Дар фасли зимистон боду боришот партовҳои гуногуни пластикию қоғазиро ба дарё андохта, оби онро ифлос мекунад. Аз ин рӯ Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки дар назди соҳили рӯдхонаи Панҷ ҷойгиранд, маслиҳат кардаанд, ки ҳар рӯзи шанбе ҳашари умумимактабӣ эълон намуда, соҳили рӯдхонаро аз партовҳо тоза намоянд.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами дуи шаҳри Хоруғ Қаландаршо Муборакшоев гуфт, ки «имрӯз дар ҷаҳон миллионҳо сокинони сайёра, аз ҷумла кӯдакон ба оби пок дастрасӣ надоранд ва ҳатто аз ташнагӣ ҷон медиҳанд. Мутобиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2040-ум наздики 40 миллион одамони сайёра аз беобӣ макони зисти худро тарк мекунанд. Аммо кишвари биҳиштосои мо дорои захираи бузурги оби пок аст ва ҳар сокини кишвар ин неъмати бузурги табиатро бояд қадр кунад. Зеро бо тағйирёбии бесобиқаи иқлим дар чанд даҳсолаи охир пиряхҳои бузург бо суръати баланд об мешаванд. Дар натиҷа захираи об дар кӯлу ҳавзҳо низ коҳиш меёбад».
Масъалаи дастрасӣ ба об, махсусан оби тозаи нӯшиданӣ дар ҳоли ҳозир бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон яке аз нахустин сарварони давлатҳои ҷаҳон аст, ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мардумони сайёраро ҳушдор дод, ки нисбат ба ҳифзи ин неъмати барои ҳаёти инсон зурурӣ масъулияти бештар зоҳир кунанд. Аз ҷумла, дар Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бори дигар зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об дар оянда ба авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба надоштани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар оварда мерасонад».
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев дар робита ба ин мавзӯъ иброз дошт, ки «дар ҷаҳон хеле кам кӯлҳое чун кӯлҳои Тоҷикистон вомехӯранд, ки чунин оби поки фаровон, табиати зебо ва асроромез дошта бошанд. Калонтарин кӯлҳои Бадахшон- Сарез, Қарокӯл, Зоркӯл ва Ранкӯл ба ҳисоб мераванд. Умуман дар ин минтақа дар баландии аз 3200 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр як ҳазору 450 кӯли хурду бузург ва 220 дарёҳои кӯҳӣ вуҷуд доранд. Танҳо кӯли Сарез 17 километри кубӣ оби ошомиданӣ дорад, ки он дар минтақа назир надорад. Насли имрӯза бояд ин оби поку мусаффои кӯлу ҳавзҳои табиӣ ва дарёҳои кӯҳиро ончунон ҳифз кунанд, ки ҳазорсолаҳои дигар мардум бидуни мушкилӣ аз онҳо баҳра баранд».








Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!






