Соли равон дар шаҳри Ваҳдат 106 ронанда дар ҳолати мастӣ боздошт шуданд

Декабрь 8, 2017 10:54

ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз тарафи кормандони ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат соли равон 18 ҳазору 610 ҳолати  вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 911 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора масъулини ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Аз ин шумора 106 нафар дар ҳолати мастӣ, 745 нафар бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 1785 нафар барои бо суръати баланд идора намудани воситаҳои нақлиёт, 1246 нафар барои риоя накардани аломатҳои роҳ, 2647 нафар  дар ҳолати носозии техникӣ, 1593 нафар барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ ва 1444 нафар барои надоштани тасмаи бехатарӣ боздошт шудаанд. Ҷаримаи ҷазоҳои маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ   соли равон 811 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.

Муовини сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат Холбой Зоирзода гуфт, ки хушбахтона, дар  натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқи  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни наврасону ҷавонон  дар шаҳри Ваҳдат соли равон аз тарафи ноболиғон 16 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 12 ҳолат кам мебошад. Инчунин дар натиҷаи беаҳамиятии ронандагон ва бо суръати баланд идора намудани  воситаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳр 69 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 24 нафар ба ҳалокат расида, 58 нафари дигар  бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо назардошти афзудани чунин ҳолатҳо соли равон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуданд, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд.

Аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда шуда,  дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус- ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шуданд. Масалан,  агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи тағйироти нав ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Декабрь 8, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид