Суди конститутсионӣ: “Сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ гардонида шавад”
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода оид ба дархости шаҳрвандон З. Хурамов ва Ҷ. Ҳасанов дар хусуси муайян намудани мутобиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ доир гардид.
Дар мурофиаи судӣ намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ, инчунин намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иштирок намуда, сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шахс ба нафақа аз ҳадафҳои муҳими давлати иҷтимоӣ дар самти таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шахс ба шумор рафта, бо кафолати дахлдори давлатии дар қонунгузорӣ инъикосёфта татбиқи воқеии худро пайдо мекунад.
Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати пешгирифтаи соҳаи иҷтимоӣ ва таъмини шаҳрвандон бо нафақа, давлату Ҳукумат давра ба давра ислоҳоти соҳаи нафақаро роҳандозӣ намуда, тавассути қабулу такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми таъминоти нафақаро ба шароити муосир мувофиқ мегардонад.
Бо назардошти ин, Суди конститутсионӣ дар меъёрҳои сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» меъёрҳои манъкунанда ё маҳдудкунандаи кафолати таъминоти иҷтимоии дархосткунандагонро муайян накард ва онро ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин Суди конститутсионӣ зарур шуморид, ки сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъйини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» бинобар ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ набуданаш ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ гардонида шавад.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






