Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Парлумони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12.12.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бахшида ба 10 декабр- Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷамъомад баргузор шуд. Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, доир ба ин масъала Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз суханронии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум 11 октябри соли 2017 бармеоянд ва бо дар назардошти моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад, кумита ҳамоиш доир намуд.
Зикр шуд, ки ҷомеаи башарӣ аз садаи 20 сар карда, ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон диққати бештар зоҳир менамояд. Мушкилоти ҳуқуқи инсон ва дарёфти тарзу усул ва роҳҳои таъмини он ва дар умум кафолати онҳо аз замони қадим диққати донишмандони Шарқу Ғарбро ба худ ҷалб сохта буд. Нахуст онро Куруши Кабир дар шакли эъломия эҳдои ҷаҳониён сохта, сипас тавассути донишмандони замон ба чаҳор минтақаи олам паҳн карда шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар бетараф набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дуюним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».
Дарвоқеъ, эъломияи мазкур нахустин ташаббус ва иқдоме буд ба сӯи бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ, дунявӣ ва адолатпарвар. Ин анъанаи неки ниёгон идома дода шуда, дар замони соҳибихтиёрӣ боз ҳам шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо кард. Агар эъломияи Куруши Кабир мардумони дунёи қадимро ба ҳам оварда бошад, пас Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидааст, дар замони муосир ин рисолатро анҷом медиҳад.
«Ҳамасола дар оғози моҳи декабр таҷлил аз рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ба санаи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон пайвандӣ дорад, ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҷомеаи инсониро водор месозад, ки ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз диди эҳтиром ва ғамхорӣ муносибат намояд. Ин аст сабаби аслӣ ва моҳияти ҷамъомади имрӯза»,-гуфт Эмомалӣ Насриддинзода.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масъалаи мазкур ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода сухан гуфт.
Дар анҷоми ҳамоиш аз рӯи масъалаи муҳокимашудаи рӯзнома қарори дахлдор қабул карда шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд






