Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Парлумони Тоҷикистон

Декабрь 12, 2017 16:02

ДУШАНБЕ, 12.12.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бахшида ба 10 декабр- Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷамъомад баргузор шуд.  Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, доир ба ин масъала Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки  тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз суханронии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум 11 октябри соли 2017 бармеоянд ва бо дар назардошти моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад, кумита ҳамоиш доир намуд.

Зикр шуд, ки ҷомеаи башарӣ аз садаи 20 сар карда, ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон диққати бештар зоҳир менамояд. Мушкилоти ҳуқуқи инсон ва дарёфти тарзу усул ва роҳҳои таъмини он ва дар умум кафолати онҳо аз замони қадим диққати донишмандони Шарқу Ғарбро ба худ ҷалб  сохта буд. Нахуст онро Куруши Кабир дар шакли эъломия эҳдои ҷаҳониён сохта, сипас тавассути донишмандони замон ба чаҳор минтақаи олам паҳн карда шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар бетараф набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дуюним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».

Дарвоқеъ, эъломияи мазкур нахустин ташаббус ва иқдоме буд ба сӯи бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ, дунявӣ ва адолатпарвар. Ин анъанаи неки ниёгон идома дода шуда, дар замони соҳибихтиёрӣ боз ҳам шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо кард. Агар эъломияи Куруши Кабир мардумони дунёи қадимро ба ҳам оварда бошад, пас Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидааст, дар замони муосир ин рисолатро анҷом медиҳад.

«Ҳамасола дар оғози моҳи декабр таҷлил аз рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ба санаи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон пайвандӣ дорад, ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҷомеаи  инсониро водор месозад, ки ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз диди эҳтиром ва ғамхорӣ муносибат намояд. Ин аст сабаби аслӣ ва моҳияти ҷамъомади имрӯза»,-гуфт Эмомалӣ Насриддинзода.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масъалаи мазкур ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода сухан гуфт.

Дар анҷоми ҳамоиш аз рӯи масъалаи муҳокимашудаи рӯзнома қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

 

Декабрь 12, 2017 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд