ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 1 декабр, ҷумъа, 335-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 30 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 1, 2017 08:16

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

1 декабри соли 2010 дар Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо суханронӣ карда буданд.

***

2 сол пеш, 1 декабри соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз Франсия ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ташриф оварда, дар он ҷо бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом дода буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Чехия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расида буд.

1 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза ба зидди ВНМО (СПИД).

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи президенти аввалин.

***

Дар Руминия – Рӯзи муттаҳидии миллӣ.

***

Дар Исландия – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони прокуратура.

РӮЙДОДҲО:

1 декабри соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии яке аз бонкҳои калони иқтисодии Қазоқистон -«Казкоммерцбанк» кушода шуда буд.

***

72 сол муқаддам, 1 декабри соли 1945 Федератсияи байналмилалӣ-демократии занон таъсис ёфта буд.

***

1 ноябри соли 1940 дар Италия дар фурӯши макарон ва биринҷ меъёр гузошта шуда буд.

  ***

Дар ин рӯзи соли 1942 Эфиопия бар зидди Германия, Италия ва Япония ҷанг эълон карда буд.

***

1 декабри соли 1948 дар Руминия фаъолияти калисоҳои гурҷӣ-католикӣ катъ гардида буд.

***

1 декабри соли 1969 дар Канада дастгоҳи азназаргузаронии ҳолати мастии ронандагон ҷорӣ гардида буд.

Декабрь 1, 2017 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст