ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 декабр, панҷшанбе, 348-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 17 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 14, 2017 08:24

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

14 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» баррасӣ гардид.

***

8 сол пеш, 14 декабри соли 2009 Вазири вақти маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо мақсади ба танзим даровардани таътили мактаббачагон дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва таъмини саломатии онҳо дар бораи ба муддати 2 ҳафта дароз намудани таътили зимистона дар мактабҳои миёнаи умумӣ фармон баровард.

14 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил.

 

РӮЙДОДҲО:

14 декабри соли 1930 дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) таъсис дода шуд.

***

14 декабри соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

***

Як сол қабл, 14 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони ҳамватани россиягӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1934 дар Туркия ба занон ҳуқуқи интихоб дода шуд.

***

80 сол муқаддам, 14 декабри соли 1937 дар Бразилия фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ қатъ карда шуд.

***

14 декабри соли 1946 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сохтани қароргоҳи Созмон дар Ню-Йорк розигӣ дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии Тоҷикистону Япония баргузор гардид.

***

Соли 1918 дар овоздиҳии интихоботи умумӣ дар Британияи Кабир аввалин маротиба занони аз 30-сола боло иштирок намуданд.

Декабрь 14, 2017 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст