ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 декабр, душанбе, 352-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 13 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 18, 2017 08:17

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

18 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

***

5 сол пеш, 18 декабри соли 2012  дар қасри Президенти Туркия мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул баргузор гардид. Пас аз гуфтугӯи судманди сарони ду давлат доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ 9 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА рейтинги нави дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол эълон намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон зинаи 135-умро ишғол кард.

18 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон.

***

Рузи байналмилалии забони арабӣ.

***

Дар Қатар – Рӯзи миллӣ.

***

Дар Нигер – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 декабри соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд Фестивали байналмилалии телевизионии «Донак-2008» баргузор гардид.

***

18 декабри соли 2009 дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахт дар мавзӯи «Ҳолат, мушкилот ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои амалкард ва ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ» семинар баргузор гардид.

 ***

152 сол муқаддам, 18 декабри соли 1865 дар ИМА тағйироти 13-ум ба Конститутсия оид ба бекор кардани ҳукми қатл барои одамкушӣ ворид карда шуд.

  ***

18 декабри соли 1929 дар Британияи Кабир ҳукми қатл барои одамкушӣ расман бекор карда шуд.

  ***

Дар ин рӯзи соли 1956 Япония ба узвияти СММ шомил шуд.

***

18 декабри соли 1973  Бонки исломии рушд таъсис ёфт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1998 дар Тоҷикистон аввалин интернет-провайдер ба кор даромад.

***

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи «Смена» (рӯзномаи ҷавонони Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград) аз чоп баромад.

 

Декабрь 18, 2017 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш