ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 декабр, панҷшанбе, 355-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 10 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 21, 2017 08:10

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 21 декабри соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муҳокима гардид.

***

2 сол пеш, 21 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хосса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

***

21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанберо, ки то даври финалии Ҷоми  КФО – 2015 баромад, дастаи соли Тоҷикистон эълон кард.

21 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Малави – Рӯзи парвариши дарахтон.

РӮЙДОДҲО:

 21 декабри соли 1901 дар Норвегия ба занон танҳо дар интихоботи маҳаллӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

***

21 декабри соли 1965 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалиро оид ба бартарафсозии ҳамаи намудҳои табъизи нажодӣ қабул намуд.

 ***

26 сол пеш аз ин, 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон роҳбарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойчон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина Декларатсия оид ба таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1963  шабакаи асосии телевизиони ҷамъиятии Франсия- «France-2» таъсис дода шуд.

***

21 декабри соли 1899 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Огонек» нашр шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1913 дар рӯзномаи «New York World» (ИМА) аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон кроссворд нашр карда шуд.

***

Соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи YouTube ва Интернет  шумораи тамошо намудани як видеоклип аз як миллиард боло рафт.

 

 

Декабрь 21, 2017 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст