ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 25 декабр, душанбе, 359-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 6 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 25, 2017 08:08

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ба имзо карданд.

***

8 сол пеш аз ин, 25 декабри соли 2009 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии  саҳмияҳои НБО «Роғун» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе кори комиссияи машварати сиёсии байнивазоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир расид (24 декабр оғоз гардида буд).

25 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ангола – Рӯзи оила.

РӮЙДОДҲО:

25 декабри соли 2009  дар шаҳри Душанбе Нақшаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар бораи амалӣ сохтани барномаи тадбирҳо барои солҳои 2010 – 2015 ба имзо расид.

***

7 сол пеш, 25 декабри соли 2010 дар фарҷоми ҳамоиши 11–уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)дар шаҳри Истанбули Туркия ҷоизаи созмон дар самти фарҳанг барои дастовардҳои илмӣ тадқиқотӣ ба олим ва фарҳангшиноси тоҷик Фароғат Азизова супорида шуд.

***

25 декабри соли 2012 дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» баррасӣ гардид.

***

 34 сол муқаддам, 25 декабри соли 1983 Миср ва Иордания Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

***

25 декабри соли 1993 Конститутсияи Россия ба ҳукми амал даромад, он 12 декабри соли 1993 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1896  дар Милан аввалин рӯзномаи сотсиалистии Италия — «Ба пеш!» («Avanti!»,«Вперед!») нашр шуд.

 

 

Декабрь 25, 2017 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш