ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 26 декабр, сешанбе, 360-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 5 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе анҷумани даҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз баъзе мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд. Дар он бо ҳисоботи 15-солаи фаъолияти ҳизб Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза карданд.
***
4 сол пеш, 26 декабри соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо шароити зисту таълими онҳо бевосита шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуданд.
26 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Словения – Рӯзи истиқлолият ва муттаҳидӣ.
РӮЙДОДҲО:
26 декабри соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон, ки 28 декабр таҷлил карда мешавад, табрик гуфтанд.
***
26 декабри соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар интернет сомонаи тоҷикиашро фаъол намуд.
***
Дар ин рӯзи соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои Парлумони Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 баррасӣ карда шуд.
***
26 декабри соли 1925 Ҳизби коммунистии Ҳиндустон таъсис дода шуд.
***
26 сол аз ин пеш, 26 декабри соли 1991 Парлумони Озарбойҷон ҳуруфоти забони озарбойҷониро аз кириллӣ ба лотинӣ иваз намуд.
***
26 декабри соли 1991 Шӯрои Ҷумҳуриҳои Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар робита ба катъ намудани мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баённома қабул намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1949 Алберт Эйнштейн назарияи ҷозиба (назарияи умумии мутаносибӣ)-ро пешниҳод намуд.