ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 27 декабр, чоршанбе, 361-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 27, 2017 08:14

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

27 декабри соли 2013   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

***

Як сол пеш, 27 декабри соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимов  масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.

 ***

27 декабри соли 2012 дар шаҳри Новосибирск дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён  дар мусобиқаи 32-юми  анъанавии умумироссиягии «Дӯстии халқҳо» оид ба дзюдо мақоми аввалро касб намуд. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 варзишгар аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

  27 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Россия — Рӯзи наҷотдиҳандагон.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти шиносномавию раводид.

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи оила.

 ***

Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

27 декабри соли 2007 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи конфронси дурӯзаи чумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои рушди ВАО-и русзабон дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

27 декабри соли 2008 дар шаҳри Душанбе давраи ҷамъбастии озмуни сарояндагони ҷавони Тоҷикистон «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон-2008» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 ҳикоя-ёддошти рӯзноманигори барҷаста,  иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Олег Дмитриевич Соболев бо  номи «Рӯзҳои муҳосира дар канори Ленинград» нашр шуд.

***

27 декабри соли 1932  дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ карда шуд.

***

72 сол муқаддам, 27 декабри соли 1945 Фонди байналмилалии асъор ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд таъсис дода шуданд.

 ***

27 декабри соли 1950 миёни ИМА ва Испания муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1932 дар Ню-Йорк калонтарин кинотеатр  дар ҷаҳон «Рэдио-Сити Мюзик Холл» ифтитоҳ ёфт, ки 5945 ҷойи нишаст дошт.

Декабрь 27, 2017 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст