ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 3 декабр, якшанбе, 337-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 28 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 3, 2017 08:05

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

3 декабри соли  2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Франсия рафта буданд.

***

3 декабри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» имзо шуда буд.

***

7 сол пеш, 3 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат» — и Иёлоти Муттаҳидаи Америка мусоҳиба ороста буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори хабарнигорони америкоӣ оид ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақа, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон сарчашмагиранда, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, истифодаи босамар аз захираҳои фаровони табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон посух дода буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо имзо шуда буд.

3 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии маъюбон.

***

Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.

РӮЙДОДҲО:

3 декабри соли 2010 дар Қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардида буд.

***

3 декабри соли 1775 аввалин маротиба парчами ИМА парафшон гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1892 дар Канада департаменти савдо ва тиҷорат таъсис ёфта  буд.

 ***

66 сол пеш, 3 декабри соли 1951 дар Туркия барои коммунистон ҳукми қатл ҷорӣ гардида буд. 

***

3 декабри соли 1959 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштии атомии яхшикани «Ленин» ба истифода дода шуда буд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1967 дар Африқои Ҷанубӣ ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин маротиба дили як нафарро ба нафари дигар гузаронида буд.

 

 

Декабрь 3, 2017 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст